Вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии ИМА аз Тоҷикистон боздид кард
Душанбе, 09.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рэй Мэбус сафари банақшагирифтаи худро ба Тоҷикистон 7 ноябр ба анҷом расонд. Ҳангоми вақти маҳдудаш дар ш. Душанбе ҷаноби Мэбус, сардори қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва қисми пиёдақӯшуни баҳрии ИМА ва намояндагони Сафорати ИМА барои муҳокимаи тарафдории пайвастаи Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ суҳбат намуданд. Инчунин ҷаноби Мэбус бо аъзои бахши амнияти сафорат аз ҳисоби аскарони пиёдагарди баҳрӣ мулоқот намуд ва дар базми қисми пиёдақӯшуни баҳрӣ бахшида ба истиқболи солонаи таъсиси пиёдақӯшуни баҳрии Иёлоти Муттаҳида иштирок дошт. Ташрифи ҷаноби Мэбус ба Тоҷикистон дар доираи сафари ӯ ба як силсила кишварҳои дохили минтақаи фаъолияти Фармондеҳии ҷанубӣ, африкоӣ, марказӣ ва аврупоии ИМА сурат гирифт ва ҳангоми сафараш ӯ бо барҳнавардони ҳарбӣ, аскарони пиёдагарди баҳрӣ ва роҳбарони олирутбаи низомию ҳукуматӣ мулоқот дошт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






