Вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи Ширкати миллии радио ва телевизиони Япония

Ноябрь 27, 2015 06:09

Душанбе, 27.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ хабарнигор ва мақоланависи машҳури японӣ Исикава Итиёро, ки дар Ширкати миллии радио ва телевизиони Япония (NHK) фаъолият дорад, ба ҳузур пазируфт.
Сафир оид ба таъриху фарҳанги қадимии тоҷик, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, иқтидори захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои кишварамон дар давраи истиқлолият ба И. Итиё маълумоти муфассал дод.  Ҳамзамон масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ  байни васоити ахбори оммаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Исикава Итиё рӯзноманигори маъруфи японӣ мебошад, ки дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ фаъолият дорад. Мавзӯъҳои асосии мақолаҳои рӯзноманигор — Иттиҳоди Шӯравӣ, иқтисодӣ ва сиёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, масъалаҳои энергетикӣ ва амнияти стратегӣ мебошанд. И. Итиё бо чандин мукофоти бонуфузи японӣ ва хориҷӣ сарфароз гардидааст.

 

Ноябрь 27, 2015 06:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад