“Забони модариам ҷони покам”-ҳамоиш бахшида ба Соли оила

Ноябрь 24, 2015 06:23

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-26 ноябри соли равон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила дар мавзӯи “Забони модариам ҷони покам” мизи мудаввар баргузор хоҳад шуд. 
Дар назар аст, ки дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ва намояндагони Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иштирок менамоянд.
Мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба оила, алалхусус, баланд бардоштани маърифати забондонии фарзандон, рушду инкишофи сатҳи хиради оиладорӣ дар ҷомеа ва фарҳанги забондонии оиларо фаро хоҳад гирифт, ки он яке аз масъалаҳои мубрами рушди фарҳанги оиладорист.

 

 

 

 

Ноябрь 24, 2015 06:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст