37 нафар бар асари ҳамлаи Толибон ба фурудгоҳи Қандаҳор ҳалок гашт
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати ифротии «Толибон» ба фурудгоҳи Қандаҳори Афғонистон тақрибан 37 сокини маҳаллӣ ҳалок шуда, 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, иттилоъ медиҳад манбаъ аз мақомоти қудратии Афғонистон.
Бино ба иттилои агентии хабарии «Синхуа», дар ҷараёни тирпаронӣ 8 ходими ҳарбии Афғонистон ва 9 ҷангии «Толибон» кушта шуданд.
Бегоҳии дирӯз гурӯҳи мусаллаҳи ҷангиёни «Толибон» ба фурудгоҳи Қандаҳор ва ба маҳаллаҳои аҳолинишини атроф, ки он ҷо оилаҳои ходимони ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамла кард.
Тирпаронӣ миёни неруҳои давлатӣ ва «Толибон» қариб 20 соат давом кард.
Баъдан намояндаи ҳаракати «Толибон» ба ВАО изҳор дошт, ки ин ҳамла яке аз ҳамлаҳои банақшагирифтаи «Толибон» мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






