90-соли пурифтихор: аз ТоҷикТА то ба АМИТ «Ховар»
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Мақомоти марказии иттилоотии Тоҷикистон 31 декабри соли 1925 бо қарори ҳайати раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии худмухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи ташкили шуъбаи ТАСС (Агентии телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ) дар Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки баъдан шуъба мақоми ТоҷикТА (Агентии телеграфии Тоҷикистон) — ро касб намуд.
ТоҷикТА дар он давра асосан вазифаи қабули маводи ТАСС ва интишори он тавассути рӯзномаҳои ҷумҳуриявиро ба ҷо меовард.
Дар солҳои аҳди шӯравӣ чун маводи асосию расмӣ аз Маскав мерасиду аксари хабарнигорони ТоҷикТА ҳам шахсони русзабон буданд, мавод асосан ба забони русӣ таълиф мешуд. Бинобар ин барои дастраси хонандагони тоҷик намудани маводи ба забони русӣ таълифшуда шуъбаи тарҷума таъсис дода шуд, ки муаллифони ин сатрҳо солҳои тӯлонӣ дар он яке ба ҳайси тарҷумон ва дигаре ба ҳайси муҳаррир кор кардаанд.
Шуъбаи тарҷума дар ду баст фаъолият мекард. Басти аввал аз соати 8 -00 то 17-00 ва басти дуюм аз соати 17-00 то соати 24-00.
Маводи ТоҷикТА — ро идораҳои рӯзномаҳои вилояту ноҳияҳо ва телевизиону радио муштоқона интизор буданд. Маводи таҳияшуда бояд ҳамон рӯз аз тариқи радиою телевизион пахш мешуд, рӯзномаҳо бояд молашонро рӯзи дигар хатман манзури хонандагонашон мекарданд.
Мавод аз идораи машҳури ТАСС — и Маскав (Телеграфное Агентство Советского Союза — ҳоло ИТАР — ТАСС — Информационное телеграфное Агентсво России) дар мавзӯъҳои мухталиф 24 соат аз ду «ҷумаки» дастгоҳи телетайп ҷорӣ шуда, ба дасти мо мерасид.
Тарҷумонҳо онро бояд таъҷилан на ба таври катбӣ, балки ба таври дикта (яъне шифоҳӣ) тарҷума мекарданду ба муҳаррир месупурданд. Дар ин гуна ҳолату вазъияти, ба истилоҳ «ҳадаҳа», дар тарҷумаю таҳрир саҳву хато роҳ меёфт, мавод хом тарҷума ва таҳрир мешуд. Ин сабабҳои дигар ҳам дошт. Сатҳу дониши на ҳамаи тарҷумону муҳаррирон ҷавобгӯй ба талабот буд. Онҳо мебоист аз ҳама соҳаҳои ҳаёт огоҳӣ медоштанд. Чунки тарҷумону муҳаррирон аксар бо маводе сару кор доштанд, ки тамоми фаъолияти инсонро фаро мегирифт. Онҳо мебоист аз нозукиҳои кори деҳқони хокпош гирифта, то фаъолияти кайҳоннавард воқиф мебуданд.
Агар дар басти рӯзона тарҷумон ё муҳаррир ба идораҳои дахлдор ё шахсони шиноси балад занг зада, матлаб ва истилоҳоти маводро пурсида тавонад, дар басти дуюми кор, яъне дар дили шаб, ин корро карда наметавонист. Касе набуд, ки ба имдодаш расад. Аз ин ваҷҳ гоҳо матлаб норавшан ва истилоҳот ғалат мешуданд, ки баъд рӯзи дигар, донишмандони соҳа, мутахассисони бахши забон ва истилоҳот ба ТоҷикТА омада ё худ занг зада, моро зери тозиёнаи танқид мегирифтанд ё роҳи ислоҳи онро нишон медоданд. Ин шахсони хайрхоҳ ва савобҷӯ Тӯрақул Зеҳнӣ. Носирҷон Маъсумӣ, Ҳилол Карим, Додоҷон Тоҷиев, Ҳабиб Аҳрорӣ, Раҳим Ҳошим, Эмонуил Мулоқандов, Натан Мулоқандов, Исҳоқ Маҳвашев, Соҳиб Табаров, Шамсӣ Собиров, Мидҳад Беҳбудӣ, Раззоқ Ғаффоров, Абдуқодир Маниёзов, Ҷумъа Одина, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Нусур Холмуҳаммадов, Шарофиддин Рустамов, Лоиқ Шералӣ, Акбар Турсунов, Юсуф Акбаров ва бисёр касони дигар буданд, ки барои ислоҳи саҳву камбудиҳои кор ёрии худро ба мо дареғ намедоштанд.
Дар баробари ин баъзе «донотарошоне» низ буданд, ки ба заҳмати тарҷумону муҳаррирони ТоҷикТА хати батлон мекашиданд. Гарчи мо иқрор будем, ки саҳву ғалат дар кори саросемавори ҳаррӯзаамон ҳатман роҳ меёбанд.
Кори шуъбаи тарҷумаи ТоҷикТА хусусан дар рӯзҳои баргузории анҷуману пленумҳо, маҷлисҳои калони умумиттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ бағоят бисёр мешуд ва роҳбарият бо имдоди КМ ПК Тоҷикистон барои сабук кардани кори тарҷумону муҳаррирони ТоҷикТА аз идораҳои беруна, масалан, аз Институти забон ва адабиёт, Институти таърихи партия, университету институтҳо ва нашриёт, рӯзномаю маҷаллаҳо ва радиову телевизион мутахассисонро ба «ҳашар» даъват мекард.
Тарҷумонҳои ТоҷикТА ҳама давру замон пуркор буданд. Дар байни онҳо ака Борис Исоқбоев, ки шоиртабъ ҳам буд ва Ҷӯрабек Исҳоқов тарҷумонию муҳаририро ба ӯҳда дошт, тарҷумонҳои қавӣ маҳсуб мешуданд.
Бинобар ин муҳаррирон, албатта, сармуҳаррир, тарҷумаи маводи масъулиятнок ё «дандоншикан» — ро ба ҳамин шахсони донишманду хоксор месупорид. Маводи тарҷумакардаи онҳо пухта буда, қариб, ки қалам намехӯрд.
Тавре ки дар боло зикр шуд, тарҷумонҳо матнро бадеҳатан ба тоҷикӣ мегардониданд, яъне ба мошинистка (чопгарзан) дикта мекарданд. Азбаски корамон таъҷилӣ сурат мегирифт, бозгардони матн аз фасоҳат фарсахҳо дур буд. Бинобар ин ислоҳи чунин матн ба муҳаррирон зӯр меомад. Аввал ин ки онҳо фурсати ба фурҷа таҳрир кардани онро надоштанд. Дуюм ин ки матни қаламхурдаро ҳеҷ кас аз нав чоп намекард, сеюм сатҳи донишу маҳорати баъзе муҳаррирон нисбат ба тарҷумонҳо пасттар буд. Матн ба тариқи «калка», яъне қолаби ҷумласозии забони русиро нашикаста таҳтуллафзӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида мешуд, ки аз он забони тоҷикӣ хароб, яъне тарҷумазада мегардид. Олимони соҳаи забоншиносӣ забони маводи ТоҷикТА — ро маҳз барои ҳамин иллат ҳаққонӣ танқид мекарданд.
Дар шуъбаи тарҷума солҳои зиёде тарҷумону муҳаррирони варзида, аз қабили Мидҳад Беҳбудӣ, Хайрулло Усмонов, Набиҷон Почоҷонов, бародарон Нериё ва Борис Исҳоқбоевҳо, Мирзо Почоев, Ҷӯрабек Исҳоков, Абдурашид Абдулҳайев, Раҳматулло Раҳмонов, Абдулло Расулов, Аъзам Ҳакимов, Раҷабалӣ Имомов, Муҳаммадӣ Юнусов, Файзиддин Абдураҳимов, Шамсиддин Самиев, Имомуддин Раҳимӣ, Абдувалӣ Қудратов ва муаллифони ин сатрҳо фаъолият доштанд. Имрӯз як қисми онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Сад афсӯс ки он мардони дидадаро ва закӣ ҳаётро зуд падруд гуфтанд. Ёдашон ба хайр!
Собиқадорони ТоҷикТА — Ховар О.Д.Соболев, Мақсудҷон Муҳиддинҷонов ва Ҳуснияапа Рашидова имрӯз ҳам бо ин даргоҳ ҳамкорӣ дошта, маслиҳатҳои муфиди худро аз ҳамкорони ҷавонашон дареғ намедоранд.
Агар имрӯз аз он қуллаҳои навад соли сипаришуда, яъне давраи таъсиси агентӣ ба АМИТ «Ховар» — и имрӯза назар кунем, фарқият аз замин то осмон аст. Баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани кишвар АМИТ «Ховар» дар бинои нав ҷойгир шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин таъмин гардид. Имрӯз дар шуъбаҳои он асосан журналистони ҷавони лаёқатманд, аз қабили қаламкаши шинохта Назокат Қодирова (сармуҳаррир), Раъно Нусратуллозода, Акрам Ҳайитов, Аловиддин Буриев, Саидҷаъфари Ашурзод, Бекназари Абубакр, Фирдавс Табаров (тарҷумон), Марзия Саидова, Пайрави Қосим, Мавҷуда Анварӣ, Лайло Тоирӣ, Елена Батенкова (муҳаррир), Кристина Эрлих, Тоҳирҷон Саидов, Акрамхоҷа Акбаров, Маҳина Сафоева, Руқияи Боймамад, Шодон Шарифов, Меҳрони Қурбон, Музаффари Рустам пурсамар фаъолият доранд, ки аксарияти онҳо дастпарварони ҳамин муассисаанд.
Имрӯз АМИТ «Ховар» радиои худро низ дорад, ки навидҳои кишвару ҷаҳонро ҳамарӯза ба самъи шунавандагон мерасонад.
Роҳбарияти АМИТ «Ховар» барои беҳбуди кор намояндагони маъруфи илму адабро, аз ҷумлаи адабиётшиноси шинохта Абдураҳмон Абдуманнонов ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба фаъолияти агентӣ ҷалб намуд, ки кормандони ҷавони он аз баракати таҷрибаю заковати онҳо бархурдор мешаванд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои гуногун роҳбарии ТоҷикТА — АМИТ«Ховар» — ро Қамариддин Маъруфӣ, Темур Усмонов, Зайниддин Насриддинов, Набиҷон Каримов, Сайидзода Зафари Шералӣ, Садриддин Шамсуддинзода ба уҳда доштанд.
Муҳаммадориф Шарифзода — Корманди шоистаи Тоҷикистон
Нарзиқул Обидов — узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон