А. Қодирӣ: «МН МО ҶТ воқеияти мавҷударо ба расмият даровард»

Декабрь 17, 2015 05:05

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 воқеияти мавҷударо ба расмият даровард. Мақоми қонунгузори кишвар аз номи халқи мамлакат расман эътироф намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни фаъолияти сиёсиаш ба ҳайси Сардори давлат тавассути талошҳои пайгирона барои таъмини амнияту якпорчагии кишвар, сулҳу салоҳ ва хидматҳои беназираш дар ҷодаи фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар шахс ва шаҳрванд дар қалби мардум ҳамчун Пешвои миллат маъво гирифтааст. Биноан, ин амал эътирофи рисолати таърихии ӯ маҳсуб мешавад»,-гуфт раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Раиси вилоят дар идомаи суханаш илова намуд, ки дар ҳақиқат раванди таърих собит месозад, ки дар давраҳои мураккаби рушди ҷомеа инсоният ба шахсони дорои неруи фавқулоддаи ақлониву рӯҳонӣ, ки масъулияти роҳбариро ба дӯш мегиранд, ниёзманд аст. 
Мардуми шукргузори тоҷик ва кулли тоҷикистониён ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки  ҳамаи муваффақияту дастовардҳое, ки Тоҷикистонро тӯли беш аз бист соли охир насиб гашт, бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд. Он ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро беш аз 150 давлати дунё эътироф карду кишвари азизи мо бо 126 мамлакат робитаи дипломатӣ дорад, худ башорати сиёсати хирадмандонаи хориҷии Сарвари давлат мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол узви  созмонҳои зиёди бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ба ифтихори роҳбари кишвари мо дар пойтахти мамолики пешрафтаи ҷаҳон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад, ки ин худ нишонаи эътирофи Сарвари давлати тоҷикон ҳамчун пешвои сиёсӣ мебошад.  
А. Қодирӣ мегӯяд, ки шахсан Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвон ё мансаби ифтихорӣ эҳтиёҷ надорад, ин раъйи мардум аст, ки ба чунин шахс ниёз дорад.
«Ман шахсан ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ХII) Сардори давлатро  хеле хуб мешиносам. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба ҳайси вакили Парлумони мамлакат худро ҳамчун  сиёсатмадори оқилу хирадманд  ва роҳбари кордон муаррифӣ карда, халқро мутмаин сохт, ки  қавлу  амалаш як аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар аввалин суханронияш дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун Сарвари давлат гуфта буд, ки омодааст, агар лозим ояд, барои халқу  миллати худ ҷонашро фидо кунад. Ва фаъолияти беш аз бистсолаи ӯ баёнгари он шуд, ки вай ба аҳдаш  устувор ва ба суханаш содиқ монд.
Э. Раҳмон дар давраи хеле мураккаби таърихи миллати тоҷик ба ҳайси сарвари ин кишвари азиятдида ба фаъолият шурӯъ намуд ва воқеан  бо талошҳои пайгиронаи хеш  миллату давлати тозаистиқлоли ормонии тоҷиконро аз вартаи ҳалокат  наҷот бахшид. Ва танҳо ҳамин корнамоии бехориқаи ӯ арзандааст, ки вай ҳамчун сиёсатмадори нотакрор ва давлатмарди дурандешу фидоии миллат мақоми арҷманди Пешвои миллатро соҳиб  бошад. Ва ин ҳақиқати ҳол аст.
 Хиради азалӣ ва таҳаммулгароӣ, эҷоди фарҳанги ҳамзистии тамаддунҳову адён, фазилати сиёсатмадории сатҳи ҷаҳонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷаҳони мутамаддин ва аксари  созмонҳои байналмилалӣ эътироф намудаанд, зеро ҳар як сухан ва амали ӯ  ифодагари ормонҳову арзишҳо ва ғояву манфиатҳои миллӣ мебошанд.  Аз ин хотир,  эътирофи ӯ ба мақоми Пешвои миллат нишони арҷгузории сидқидилонаи сокинони мамлакат ба хотири  заҳматҳои бемисли вай мебошад»,-ситоиш кард аз Сарвари давлат А. Қодирӣ. 
Ба андешаи раиси вилояти Суғд, Пешвои миллат на шахс, балки  мақоме хоҳад буд, ки чун кафили сулҳу ваҳдат ва ҳифзи давлати миллӣ пазируфта мешавад, зеро дарки авзои феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки барои  тоҷикону тоҷикистониён муҳимтар аз ҳифзи якпорчагии давлат, ваҳдат ва суботу амнияти миллӣ масъалаи арзишмандтаре вуҷуд надорад.
«Мардуми шарифи вилояти Суғд чун тамоми сокинони кишвар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ — аз лиҳози ҳуқуқӣ расман эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Пешвои миллат бо эҳсоси баланди ватандорӣ пазируфтанд ва ифтихорманд аз он ҳастанд, ки таҳти сарварии чунин шахсияти нотакрор барои таъмини шукуфоии Ватани азиз — Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият мебаранд»,-зикр кард раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Таҳияи  Мавҷуда Анварӣ

Декабрь 17, 2015 05:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд