«Абат-Тоҷикистон»: таҷҳизоти ошхона бояд ҷавобгӯй ба меъёрҳои беҳдоштӣ бошанд
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи истеъмоли хӯрок як ҷузъи ҷудонашавандаи инсон буда, ҳар як шахс ҳамарӯза 3 маротиба ва ё бештар аз он хӯрок истеъмол мекунад. Албатта, ғайр аз истеъмоли хӯрок дар хона, ҳар як шахс аз хизматрасонии тарабхонаву ошхона истифода мекунад. Вале ҳеҷ кас ҳангоми хӯрдани таом берун аз хона андеша намекунад, ки оё ин хӯрок аз ҷиҳати санитарӣ ба талабот ҷавобгӯй ҳаст ё не?
“Барои ман зебову оростагии толори тарабхонаву ошхона ягон нақше намебозад, барои ман зарур аст, ки таоми барои ман тайёр мекарда дар таҷҳизоти тозаву озода ва ҷавобгӯй ба стандартҳои беҳдоштӣ омода шавад. Ҳангоми истеъмоли хӯрок дар ошхонаву тарабхона шахс бояд итминони комил дошта бошад, ки аз хӯроки харидааш бемор намешавад”,- мегӯяд директори ширкати “Абат-Тоҷикистон” Латиф Азизов.
Ба андешаи мусоҳиби мо барои тайёр кардани хӯроки ҷавобгӯй ба талаботи санитарӣ, бояд аз таҷҳизоти махсус барои ошхона истифода намуд.
“Имрӯз дар Тоҷикистон тарабхонаву меҳмонхонаҳои зиёд сохта шуда, фаъолият доранд. Барои ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй будани ошхонаҳои чунин тарабхонаву меҳмонхонаҳо он ҷо бояд таҷҳизоти махсуси муосир истифода шавад. Маҳз ҳамаи ин талаботро ба инобат гирифта, мо ба хулосае омадем, ки дар Душанбе як маркази намоишии таҷҳизоти ошхонаро ифтитоҳ намоем. Акнун соҳибони ошхонаву тарабхонаҳо, ошпазону мутахассисони соҳаи хӯрокворӣ метавонанд таҷҳизоти ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳониву беҳдоштиро аз ин марказ харидорӣ намоянд. “,-илова намуд Л.Азизов.
Ширкати “Абат -Тоҷикистон” корхонаи махсус барои таъмини нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо таҷҳизот мебошад. Он аз соли 1996 ин ҷониб фаъолият карда, то имрӯз як зумра иншооти шаҳри Душанберо бо таҷҳизоти ошхона таъмин намудааст.
“ Ташкили маркази махсуси таҷҳизоти барои ошхона имрӯз барои Тоҷикистон хеле муҳим ва зарур аст. Шахсоне ки дар соҳаи таъмини хӯроки умумӣ фаъоланд, медонанд, ки ҳангоми тайёр намудани хӯрок аз таҷҳизоти муосир истифода бояд бурд. Чунин таҷҳизотро мо ҳанӯз солҳо 1985-86-и асри гузашта ба Тоҷикистон оварда будем. Коргоҳи мо хӯрокҳои нимтайёр омода мекард. Тамоми мактабҳои Душанберо мо ба таомҳои нимтайёр гузаронида будем. То ҳол ҳамаи ошхонаҳо бо чунин усул кор мекунанд, вале таҷҳизоти бисёр ошхонаҳо ҳанӯз аз давраи шӯравӣ боқӣ мондаанду кайҳо корношоям гаштаанд. Имрӯз ҳар касе хоҳад, метавонад ба тайёр намудани таом машғул шавад, вале на ҳамаи таҷҳизоти истифода мешуда ҷавобгӯй ба стандартҳои беҳдоштиву ҷаҳонианд. Агар ҳар ошпаз ҳангоми пухтани таом аз таҷҳизоти баландсифат истифода намояд, саломатии истеъмолкунандагон низ эмин нигоҳ дошта мешавад”, -гуфт корманди шоистаи ҶТ, собиқ вазири савдои Тоҷикистон Офоқхон Катаев.
Таҷҳизоти ошхонаи ширкати “Абат-Тоҷикистон” беш аз 50 номгӯй буда, мутобиқ ба стандарти ҷаҳонӣ сохта шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






