Агар шабҳои пурдаҳшат намебуд…

Декабрь 17, 2015 10:01

Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Бояд тазаккур дод, ки  9 декабри соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд. Баробари қабули қонуни мазкур таваҷҷуҳи мардуми  кишвар ба он зиёд гардид. 
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар атрофи ин мавзӯъ бо чанд мутахассиси соҳаи  фарҳанги кишвар суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода:  

«Соли 2015 аз ҳар нигоҳ барои мардуми тоҷик соли махсус, соли басо бобарор аст. Имсолро месазад ҳатто соли таърихӣ номем,  зеро дар даҳаи аввали моҳи охири  соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд, ки  аз тарафи тамоми мардуми Тоҷикистон  хуб пазируфта шуд. Воқеан ин фақат ҳуҷҷате буд, ки ниёзи мардумро амалӣ гардонд. Аслан  Ҷаноби Олӣ ба ин унвон ниёзе надорад, балки ин  арҷгузорӣ, эҳтироми бузург ва  арзи сипоси мардуми тоҷик ба Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Саъдии бузургвор дар ин маврид гуфтааст: 
Агар шабҳои пурдаҳшат намебуд, 
Намедонист Саъдӣ қадри имрӯз.  
Воқеан мо бояд ба қадри ин рӯзҳои нек ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон расем. Аслан насле, ки имрӯз зиндагӣ ва фаъолият дорад, насле ҳаст, ки худ ин таърихро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат бунёд намуд, дар  тамоми таърихномаи он ширкат дошт ва назари дурбинонаи Ҷаноби Олиро худ қазоват кард, бо чашми худ дид ва ба он баҳои воқеӣ дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳаст, ки қабл аз қабули қонуни мазкур ба кадом манотиқи кишвар, ки мерафт, бо нидои Пешвои миллат «Хуш омадед»  истиқбол гиифта мешуд ва ҳамаи мо шоҳиди ин ҳастем».

 Қурбоналӣ  Буриев, директори «Хонаи китоб»-и и Ҷумҳурии Тоҷикистон:    
Мо фарҳангиён тарафдори андешаҳои Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонем, ки зимни суханронии хеш оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» иброз дошт:  «Шахсиятеро, ки дар борааш мо ҳарф мезанем, ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу оздиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст. Дар таърихи навини халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст».
Мо фарҳангиён ҷоннисориҳои Сарвари давлатро медонем ва итминони комил дорем, ки ӯ аз лоиқтарини пешвоёни миллат дар дунёст ва месазад дар атрофи чунин шахсияти сарсупурдаи миллат сарҷамъ  бошем, ба ватани худ ва рушду суботи он содиқона хизмат намоем, ҳамчуноне, ки Эмомалӣ Раҳмон содиқ ва сарсупурдаи ин ватану ин  миллат аст.

Сироҷиддин Икромӣ, директори КВД «Таъминот ва савдои китоб»:
 Дар иртибот ба хизматҳои Президенти кишвар бояд хаминро илова намуд, хизмати бузурге, ки Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон  барои миллати хеш анҷом додааст, ин ба даст овардани сулҳу субот ва поягузорӣ ба давлати миллии тоҷикон буд. Ҷаноби Олӣ дар замоне ба сари қудрат омад, ки кишвари мо ба гирдоби хуну оташ кашида шуда буд, на ҳар кас қудрат дошт, ки зимоми давлатдориро ба уҳда бигирад ва ин масъулияти бузургро танҳо нафаре ба уҳда мегирифт, ки барои миллати сарзаминаш дилаш месӯхт. Ва ҷуръату ҷасорати Президенти мо дар он  зоҳир мегардад, ки барои ба даст омадани сулҳу субот ба хатарноктарин минтақаҳои кишвар ва берун аз он далерона сафар мекарду ба мулоқоти мардум рафта, бевосита рӯ ба  рӯ бо онҳо суҳбат мекард. Онҳоро  барои мусоидат ва  барои ба даст овардани сулҳу субот, тинҷию оромӣ даъват менамуд. Маҳз ҳамин мардумсолории Президенти кишвар буд, ки тавонист тарафҳои мухолифро ба мувофиқа даъват намояд, то онҳо сари мизи музокирот нишинанд.  Баъд аз он, ки сулҳу субот дар кишвар пойдор гардид, вазифаи дигари Президенти кишвари мо аз он иборат буд, ки бо истифода аз мавқею роҳбарии хеш аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ ба мардум бозгӯ  бисозад, ки миллати тоҷик миллати ҷангҷӯ нест, миллати тамаддунофар ва тамаддунпарвар аст, ки фарзандонаш барои саодату хушбахтии башарият хидмати арзишмандеро анҷом додаанд. Чун ҷаҳониёнро муътақид намуд, ки миллати тоҷик дорои  чунин сифати бузурги инсонпарварӣ аст, дигар давлатҳо ҳамкориро бо кишвари мо роҳандозӣ намуданд ва имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки як кишвари ободу зебову озод дар даст дорем ва муваззаф ҳастем, ки  дар атрофи   Президенти муҳтарами кишвари хеш муттаҳид бошем ва барои наслҳои оянда як давлати обод, зебо, қудратманд ва аз нигоҳи иҷтимоию  иқтисодӣ ва сиёсӣ пешрафтаро ба мерос гузорем.
        

Таҳияи Абдураҳим Ҷабборов

Декабрь 17, 2015 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд