Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор

Декабрь 28, 2015 10:38

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 26-уми декабр ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ—ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 65-солаи шаҳри Чкалов бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти кофтукови мошини шахсиаш тамғаи “Санг-енг-Муссо” 335 грамм маводи  нашъадори афюн дарёфт ва мусодира  гардид. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.

 

Декабрь 28, 2015 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш