Ҳалокати мусофирзан дар садама

Декабрь 9, 2015 06:00

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) -8 декабри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 51-солаи ноҳияи Ҷ. Румӣ, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷ. Румӣ ба ҷониби  ноҳияи Қумсангир, дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи-поён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба  трактори тамғаи “МТЗ-80”, ки ба сокини 29-солаи ноҳияи Қумсангир тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили мошини “Опел-Астра”, зани 52-солаи сокини ноҳияи Қумсангир ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

 

Декабрь 9, 2015 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш