Ҳамадонӣ: Шудгору кишти тирамоҳӣ 90 фоиз анҷом ёфтааст

Декабрь 4, 2015 05:20

Ҳамадонӣ, 4. 12. 2015. (АМИТ «Ховар») — Кишоварзони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ имсол дар майдони 5 ҳазору 330 гектар пахта кошта, мувофиқи дурнамо мебояд 12 ҳазору 259 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Панҷоб дар ноҳия аввалин шуда, иҷрои нақшаи дурнаморо таъмин карданд ва имрӯзҳо илова ба нақша ҳосил меғундоранд. Новобаста ба харидор надоштани маҳсулот хоҷагидорон бо саҳмдоронашон ҳосили бо заҳмат парваридаашонро меғундоранд ва саҳмдоронро бо маош ва шароити лозимӣ таъмин менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Панҷоб ба кишти тирамоҳӣ низ аҳамияти хосса зохир мегардад. То имрӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ 90 фоизи шудгору кишти тирамоҳиро ба анҷом расонидаанд. Дар ҳамаи заминҳои кишт техникаҳо фаъолият карда, рӯзҳои наздик кишти тирамоҳиро пурра ба анҷом мерасонанд. Дар баробари нақшаи пахта ва кишти тирамоҳӣ хоҷагидорони ҷамоати деҳоти Панҷоб дигар уҳдадориҳои хешро оид ба кишти сабзавот, истеҳсоли гӯшту шир, моҳӣ  ва ғалладона иҷро намуда, байни дигар ҷамоатҳои деҳот пешсаф мебошанд.

Декабрь 4, 2015 05:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад