Ҳамлаи худкуш боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид

Декабрь 29, 2015 06:25

Душанбе, 29.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар  ба  хабари  намояндагони Вазорати тандурустии Афғонистон, бар  асари  ҳамлаи  шахси худкуш, ки  субҳи  имрӯз  дар  наздикии  фурудгоҳи  байналмилалии  Кобул  сурат  гирифт,  камаш  31  нафар  осеб  дид. 
Ёдовар  мешавем, ки  ин  ҳодиса  тахминан  соати 8 пагоҳӣ  дар мобайни роҳи серодам  рух  дод. Силоҳбадасти  худкуш, ки  иҷрокунандаи  ҳамла  буд,  дар  автомобили  минадор  ҳаракат  мекард. 
Пештар  аз  ҳалокати  як  сокини  осоишта  ва  захмӣ шудани  13  нафари  дигар   хабар  дода шуда буд, вале  баъдан  маълум  шуд, ки  теъдоди  осебдидагон  на  камтар  аз  32  нафар  будааст. Манбаъҳои  вазорати  тандурустӣ  хабар  медиҳанд, ки  ҳамаи  осебдидагон  аз ҷумлаи  сокинони  осоиштаанд. 
Назар  ба  иттилои  шабакаи   телевизионии «Тулӯъ»,  шоҳидон  хабар  медиҳанд, ки  бар  асари таркиш аз  як  нафар  бештар  ба  ҳалокат  расидааст, вале  омори  аниқшуда  дар  мавриди  теъдоди  ҳалокшудагон  то  ҳол  расман  дарҷ  нашудааст. 
Ёдовар  мешавем, ки  масъулияти   ҳамлаи  худкушро   намояндагони  «Толибон»  ба  дӯши  худ  гирифта, изҳор  доштаанд, ки ба хидматчиёни  ҳарбии  хориҷӣ, ки   дар  ин  роҳ   ҳаракат  мекарданд,  талафот  расонидаанд. 

Декабрь 29, 2015 06:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид