Ҳамоиш дар Роғун: қабули қонун саривақтист

Декабрь 16, 2015 11:35

Роғун, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри бунёдкорон- Роғун оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ҳамоиши осоиштаи сокинон доир гашт.
Раиси шаҳр  Шарифзода Шариф Файз оид ба саривақтӣ  будани қонуни мазкур ва аз ҷониби  вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   додани мақоми Пешвои миллати тоҷик  ба Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта,  хизматҳои шоистаи роҳбари давлатро дар наҷоти миллати тоҷик аз нестшавӣ, барқарории сулҳу субот, бунёдкорию  созандагӣ, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ёдрас шуданд. Зикр шуд, ки тамоми кору пайкори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар якчанд саҳифа ё китобе  гирд овардан номумкин аст, зеро дар тӯли солҳои истиқлолият, ин марди хирадманд корҳоеро ба анҷом расонидааст, ки танҳо ба қалам додани як самти фаъолияти он садҳо асар мешавад. Ў воқеан Пешвои миллат буда, сазовори ифтихори халқи тоҷик дар таърихи давлатдории тоҷикон  мебошад.
 

 

Декабрь 16, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад