Ҳамовозии ҷавонони Тоҷикистон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»

Декабрь 16, 2015 03:10

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-9 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат» қабул шуд. 
Ташаббуси мазкур амри зарурӣ ва саривақтӣ буда, қабули он нишонаи арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Аслан мо ҷавонони хуштолеи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем, зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин шахси абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле боло рафтааст.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани давлати Тоҷикистон маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти Сарвари давлат бо чавонони лаёқатманди кишвар моҳи феврали соли 1993 баргузор шуда буд.
Сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз аз самти афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, дар зарфи 24 соли истиқлолияти давлатӣ чавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии сиёсии кишвар баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам меоранд. 
Ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис ёфтани мақомоти давлатии ваколатдори кор бо ҷавонон (Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон), барои дастгирии олимони ҷавон таъсис гардидани 12 Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, бо мақсади аз лиҳози моддӣ ва моҳияти иҷтимоӣ дастгирии наврасону чавонони лаёқатманд таъсиси 300 Стипендияи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон»,  Квотаи  президентӣ барои ҷавононе, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат иқомат мекунанд, 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, қабул шудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон — «Барномаи ҷавонони Точикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон» аз дастовардҳои мо ҷавонон мебошад, ки бевосита бо дастгирии Сарвари муаззами кишвар ноил шудем. 
Дастоварди дигари бузурги мо, ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ, аниқтараш дар соли равон ин таъсис ёфтани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсади таъсиси он аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои  татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Инак, беш аз 24 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъвои мо ва имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.
Мо ҷавонон бо шукгузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаем ва хоҳем намуд.
Мо, ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани асосгузори давлати соҳибистиклоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки мо ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳастем.
Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон, чун неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллат, бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони истиқлол, сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишварро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа фарзандона ва содиқона кору фаъолият менамоем. 
Ноил гардидан ба ин зинаи дар воқеъ арзандаи миллӣ боиси ифтихори мо- фарзандони ӯ мебошад ва мо ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёти ҳамарӯзаи хеш мавриди амал истифода менамоем.
Мо, ҷавонони Тоҷикистон дастаҷамъона изҳор медорем, ки аз рӯзҳои аввал бо Шумо, Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд!

 

Декабрь 16, 2015 03:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад