Ҳамрохон Зарифӣ ба Императори Япония Эътимоднома супорид
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 декабри соли 2015 дар шаҳри Токио Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба Аълоҳазрат Императори Япония Акиҳито Эътимоднома супорид.
Пас аз баргузории маросими супоридани Эътимоднома, ки дар Қасри Император баргузор гардид, суҳбати самимӣ дар фазои дӯстӣ доир гардид.
Сафир аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ ва таманниёти сиҳатии комилро ба Аълоҳазрат ва ба мардуми Япония сулҳу субот ва шукуфоиро расонид.
Императори Япония зикр намуд, ки дидорашро бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбати пурмӯҳтаво хуб дар ёд дорад. Император Акиҳито аз сафир дархост намуд, ки дуруду паёмашро ба Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.
Ҳамчунин Аълоҳазрат дар бораи сафари Сарвазири Япония ба Тоҷикистон ва муваффақона анҷом ёфтани он сухан кард. Сафир Ҳ. Зарифӣ сафари Сарвазири Япония ба кишварамонро муҳим ва самаранок барои ҳар ду кишвар номид.
Император Акиҳито ба сафири Тоҷикистон комёбиҳо дар рисолати муҳимаш баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Японияро таманно намуд.
Ҳамзамон суҳбати Сафир бо вазири адлияи Япония Иваки Митсуҳидэ, ки дар маросим иштирок дошт, баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Япония табодули афкор намуданд.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






