Ба Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» илова ворид гардид
Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мавриди баррасии аъзои палатаи болоии кишвар қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.
Раиси Кумитаи МММО ҶТ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ин масъаларо тавзеҳ дода, зикр кард, ки мақсад аз ворид намудани илова ба қонуни мазкур таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти субъекти мубориза бо терроризм, баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он мебошад.
Мувофиқи илова ба қонуни номбурда минбаъд бо дархости субъекти асосии бевоситаи мубориза бар зидди терроризм хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодаи воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ё минтақаҳои алоҳида метавонад муваққатан боз дошта шавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






