Бар асари таркиши асбоби номаълуми худсоз дар маркази Маскав се нафар осеб дид

Декабрь 8, 2015 04:56

Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Дар истгоҳи  нақлиёти ҷамъиятии  маркази  шаҳри  Маскав  бар  асари  таркиши асбоби номаълуми  худсоз се  нафар  осеб дид.  ТАСС зимни  истинод ба  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқи  пойтахти  ФР дар  ин  бора  хабар  дод. 
Мувофиқи  ин  хабар,  таркиш дар   истгоҳи   нақлиёти ҷамъиятии  назди  бинои  кӯчаи  Покровка рух  дод. 
Мувофиқи  маълумоти  пешакӣ, ду  зану  як  мард  захмӣ  шудаанд.

 

Декабрь 8, 2015 04:56

Хабарҳои дигари ин бахш