Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Гурбонгулӣ Мяликгулиевичи ниҳоят гиромӣ,
Аз Ашхобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи фиристонидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, бо миннатдорӣ хабар ёфтем.
Мо ин иқдомро ҳамчун як нишонаи дастгирии ҳамдигарии анъанавии бародарона, ки саршор аз муносибатҳои ғании бисёрасра миёни мардумони тоҷику туркман аст, мешуморем.
Мо мутмаинем, ки ин дастгирии бародарона кумаки хубе дар кӯшишҳои бартараф сохтани оқибатҳои заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвари мо хоҳад буд. Он фавран ба минтақаҳои аз офати табиӣ хисоротдида равона шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолии зарардида ва ҳамчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ истифода мешавад.
Гурбонгулӣ Мяликгулиевич, иҷозат диҳед, бори дигар ба Шумо барои ин амали дӯстона самимона изҳори ташаккур кунам ва ба халқи бародари туркман хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намоям».








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






