Баррасии лоиҳаи таъсиси Маркази таҳсилоти симулятсионии тиббӣ
Душанбе, 10.12.15. (АМИТ «Ховар»).- Ҷаласаи сеюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯро-муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин шарикони рушд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Дар он гузориши муовини раиси Шӯро-раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим шунида шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба лоиҳаҳо дар МОИ «Суғд»- барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ, сохтмони хатти роҳи оҳан, сохтмони инфрасохтори аввалия, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода оид ба лоиҳаи сохтмони Маркази нақлиётию логистикӣ дар шаҳри Турсунзода ва намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо, сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ «Данғара», асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдид ва идораи кӯдакистони №133-и шаҳри Душанбе, инчунин оид ба лоиҳаи таъсиси Маркази таҳсилоти симулятсионии тиббӣ гузориш доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






