БМТ: Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода нашавед
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Яке аз сабабҳои бесобиқа баланд шудани қурби доллари нақди ИМА-ро БМТ таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ маънидод кардааст.
Ба тарсу ҳарос ва таҳлука дода шудан, зудбоварӣ ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ ба он сабаб мешавад, ки шахсони воқеӣ саросемавор ба мубодилаи маблағҳои пулиашон иқдом карда, ба ҳар гуна қурби аз ҷониби ҳаннотони беинсоф пешниҳодшуда розӣ мешаванд ва дар ниҳоят зарар мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна ҳолат дар моҳи декабри соли 2014 ва дар моҳҳои январ, апрелу майи соли 2015 низ рух дода буд ва бар асари он беқурбшавии сомонӣ тақрибан 18,0 фоизро ташкил дод.
Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардурӯғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолати ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефонҳои дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Дар айни замон ситодҳои доимии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ташкил шудаанд ва онҳо танзиму назорати асъорро дар бозор ҳар лаҳза амалӣ карда истодаанд.
Бо бовари комил метавон гуфт, ки маҷмӯи чораҳои фаврии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилоти қарзӣ дар якҷоягӣ бо мардуми ҳушёру боэҳтиёту хирадманд амалишаванда метавонанд вазъи имрӯзаи бозори нақдиро тағйир дода, устувории қурби пули миллиро барқарор намояд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






