БМТ: Мубодилаи асъори юани чинӣ рӯзҳои наздик оғоз мегардад

Декабрь 3, 2015 05:36

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Дар давоми соли равон барои  диверсификатсияи амалиёти берунии асъорӣ созишномаи СВОП бо асъори юани чинӣ ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ нигаронида шудааст. Мубодилаи он ба таври пилотӣ рӯзҳои наздик оғоз мегардад”,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед  Нурмаҳмадзода 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд  гуфт, ки дар 11 моҳи соли равон қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА 26,7 фоиз паст гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва дар ин замина таҳлука ва ҳодисаҳои ҳаннотӣ барои таъмини тағйирёбии муътадил ва қобилияти харидории пули миллӣ, тадбирҳои қатъӣ андешида истодааст.
“Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор ва суботи қурби сомонӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ манъ шуд ва дар бозори нақдию бозори байнибонкӣ тавассути Низоми электронии савдо амалиёти марбутаро анҷом дода истодаем”,-илова намуд раиси БМТ.

 

Декабрь 3, 2015 05:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст