Бо паланг Амур ва буз Темур Прокуратураи генералии ФР сару кор мегирад
Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти «Маркази ҳуқуқии ҳифзи ҳайвонот» ба прокурори генералии Русия Юрий Чайка ва раиси Кумитаи тафтишоти ФР Александр Бастрикин бо дархости ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани директори боғ-сафарии Приморск Дмитрий Мезентсев муроҷиат кард.«Ҷуфти ҷудонашаванда»: тарзи зиндагии паланг Амур ва буз Темур. Дар анъанаи ғизодиҳии паланг Амур «хӯроки нисфирӯзии зинда» муҳофизони ҳайвонот нисбат ба ҷонварҳо муносибати бераҳмонаро диданд, хабар дод президенти марказ ба ТАСС Светлана Илинская. «Дар амалҳои ӯ ҳамаи аломатҳои хоси муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ҳастанд, яъне дар боби 245 Кодекси Ҷиноятии ФР пешбинӣ гардидааст. Сухан дар бораи усули ваҳшиёнаи куштор меравад. Ғайр аз ин, палангҳое, ки дар табиат зиндагӣ намекунанд, қурбониро боз ҳам зиёдтар шиканҷа медиҳанд. Ин комилан бераҳмии бемаънист», гуфт Илинская. Оид ба ғизодиҳии ҳайвоноти зинда бори аввал маҳз дар мисоли паланг Амур ва буз Темур фаҳмидаанд. Ҳамсуҳбати мақомот тавзеҳ дод, ки хабари сомонаи боғ-сафарӣ дар бораи он, ки шарти барнома оид ба нигоҳ доштан ва афзоиш додани палангҳои амурӣ гӯё вазифадор месозад, ки ба ҳайвонҳо ғизои зинда диҳанд, ба ҳақиқат рост намеояд. Дар боғи ҳайвоноти Маскав онҳое кор мекунанд, ки бевосита ин барномаро навиштаанд, онҳо гуфтанд, ки ҳол чунин нест ва буда ҳам наметавонад. Ягона омиле, ки барои ғизои зинда додан асос буда метавонад, танҳо он аст, ки агар онҳоро ба озодӣ сар диҳанд. Вале инҳо палангҳои одии боғи ҳайвонотанд, ман шахсан бо Мезентсев суҳбат кардам ва ӯ чанд бор гуфт, ки палангҳои вай дар барномаи ба муҳити табиӣ сар додан иштирок намекунанд», илова кард Илинская. «Маркази ҳифзи ҳуқуқӣ» ба қатъи пурраи ғизои зинда додан ба ҳайвонот ва кӯчонидани бузи Темур ба қафаси алоҳида исрор мекунад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






