Боз як филиали хизматрасонии “Спитамен Бонк” дар Душанбе фаъол гардид

Декабрь 28, 2015 09:40

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Имрӯз дар шаҳри Душанбе боз як нуқтаи нави хизматрасонии қарзии ҶСП “Спитамен Бонк”  ба кори худ оғоз намуд, ки дар он 5  шаҳрванди кишвар  соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.  Бояд гуфт, ки ин 12 -ум филиали нуқтаи хизматрасонии ҶСП “Спитамен Бонк”  буда.  барои мизоҷони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ  хизматрасониҳои зерин,  аз қабили интиқоли маблағҳо, муносибатҳои муросилотию хазинавӣ, мубодилаи асъор, шаклҳои гуногуни қарз ва барномаҳои махсуси қарзӣ барои тиҷорати хурду миёнаро ба роҳ мондааст.  Ёдовар мешавем,ки  ҶСП “Спитамен Бонк” фаъолияташро аз соли 2008 ба ҳайси Ташкилоти хурди қарзию  амонатӣ бо номи “Спитамен Капитал” оғоз кардааст. Аз ҳамон давра ташкилоти қарзии мазкур  кори худро фаъолона дар самти қарздиҳии хурду миёна дар бозори Тоҷикистон оғоз намудааст. Бо назардошти заҳмати пайваста ва фаъолияти мушкилу пурсамари ҳайати кории ҶСП “Спитамен Бонк”  дар муддати 6 сол дар бозори молиявии Тоҷикистон  аз моҳи январи соли 2014 бо роҳи зиёд намудани сармояи оинномавӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои фаъолияти бонкиро соҳиб гардида ва имрӯз дар он зиёда аз 250 шаҳрванд бо ҷои кор таъмин мебошанд.

 

 

Декабрь 28, 2015 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст