Боздиди Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои зарардидаи Бадахшон

Декабрь 11, 2015 06:15

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо супориши Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон гурӯҳи дуюми кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода имрӯз ба Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд, ки ба он роҳбарони аввали вазорату идораҳои марбута шомиланд.
Ба гурӯҳи дуюми кории ҳукуматӣ  дар баробари дигар намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин мутахассисони  Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳанд, ки махсус барои дидану санҷидани кӯли Сарез сафар кардаанд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба водии Бартанг, ки аз ҳама бештар хисорот дидааст, сафар намуда, бо аҳолии аз заминларза зарардида мулоқот анҷом доданд. Ба аҳолии зарардида кумакҳои Сарвари давлат расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо дастури Сарвари давлат то имрӯз ба аҳолии аз заминларза зарардидаи вилояти Бадахшон беш аз 15 тонна маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар молу маҳсулоти зарурӣ расонида шуд.
Ҳамчунин, бо супориши Президенти кишвар Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон беш аз 100 тонна маводи ғизоӣ захира намудааст, ки аз ин ҷо ба минтақаҳои аз заминларза хисоротдида расонида мешавад.
Тибқи нақша дар назар аст, ки гурӯҳи корӣ аз кӯли Сарез дидан менамояд.

Декабрь 11, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд