Бозтоби ҳақиқат — китоб ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи Ҳақиқати Суғд
Хучанд, 15.12.2015. (АМИТ Ховар).-Соли равон ба таъсиси яке аз нахустин ва куҳантарин нашрияҳои ҷумҳурӣ рӯзномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳақиқати Суғд 85 сол пур шуд. Бахшида ба ин ҷашни хотирмон аз ҷониби аҳли қалами рӯзнома китобе бо номи Бозтоби ҳақиқат аз нашр баромад.
Китоби мазкур таҳти қалами сармуҳаррири рӯзнома Мухтор Абдуллоев ва собиқадори нашрия Муқим Абдураҳмонов рӯи чоп омада, он бо теъдоди беш аз 150 нусха бо фарогирии 376 саҳифа дар шакли чопи офсетӣ дар матбааи ҶСК Набӣ Фахрӣ чоп гаштааст.
Китоби тозанашр аз иқтибоси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба матбуоти давриву чопӣ ва табрики раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ифтихори 85 солагии таъсиси рӯзнома оғоз гашта, он аз се қисм иборат аст ва дар он маҳсули дастаҷамъии кормандони эҷодӣ, собиқадорони нашрия, аксҳо аз фаъолияти эъҷодии кормандон ва ёде аз рӯзгори гузаштагон гирд оварда шудааст. Аз ҷумла, дар табрикоти шодбошии раиси вилояти Суғд ба ин муносибат чунин омадааст: — Рӯзномаи Ҳақиқати Суғд дар давоми мавҷудияташ роҳи пуршарафро тай намуда, дар ҳар давру замон рисолати азалии хеш- минбари розу ниёз, ифодагари раъйи мардуми созандаву ободкор будани худро ба ҷо овардааст.
Мутобиқ ба иттилои сардабири рӯзнома Мухтор Абдуллоев, чорабиниҳои асосӣ вобаста ба ҷашни 85-солагии нашрия имрӯз, 15 декабри соли ҷорӣ дар Театри мазҳака- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






