Чархболҳои Вазорати мудофиа ба зарардидагони Бадахшон маводи озуқаворӣ бурданд

Декабрь 11, 2015 04:09

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Субҳи имрӯз чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маркази ноҳияи Рӯшон ба ҷамоатҳои деҳоти аз заминларза осебдидаи Вилояти Бадахшон- Басид ва Савноб парвоз кард. Чархбол зиёда аз 1 тонна маводи озуқавории ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, макарон ва дигар хӯроквориро барои аҳолии зарардида бурда расонид. Маводи мазкур бо супориши Президенти ҶТ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки ду чархболи дигар дар маркази ноҳияи Рӯшон дар навбат истода, баъди чанд муддат ба маҳалли зарардида парвоз мекунанд.
Дирӯз аз ҷониби сокинони шаҳри Хоруғ ба зарардидагони ҷамоати деҳоти Басид либосҳои гарм, кӯрпа ва болопӯшҳои гарм фиристода шуданд. Дар мактаб- интернати ноҳияи Рӯшон, беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаи марказии вилоят осебдидагон ва маҷрӯҳони заминларза ҷойгир шуда истодаанд.  Чархболҳое,  ки бо маводи озуқаворӣ ба ҷамоатҳои деҳоти зарардида парвоз мекунанд,  дар бозгашт маҷрӯҳон ва шахсони ба табобати фаврӣ ниёздоштаро меоранд.
Хотирнишон бояд кард, ки гурӯҳи кории Ҳукумати ҶТ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим дар ҷамоати деҳоти Басид қарор дорад. Гурӯҳи кории вилояти Бадахшон таҳти роҳбарии раиси вилоят Шодихони Ҷамшед дирӯз 30 километр роҳро пиёда тай карда, ба ҷамоати деҳоти Савноб расиданд. Дар ҳайати  ин гурӯҳ табибону равоншиносон  ҳамроҳанд, ки ба маҷрӯҳону зарадидагон кумак мерасонанд.

 

 

Декабрь 11, 2015 04:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд