Дастовардҳои толибилмони тоҷик дар олимпиадаи Қазоқистон

Декабрь 15, 2015 06:16

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз 12 то 14-уми декабри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи барномасозони АвруОсиё   баргузор гардид.
Дар олимпиада толибилмони литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” ва литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба ватан баргаштанд. 
Тибқи иттилои сухангӯи расмии литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва П.В.” Туйчӣ Рашидов дар озмунҳои барномасозии умумирусиягӣ ва  барномасозони АвруОсиё аз Тоҷикистон 7 даста иборат аз се нафарӣ ширкат намуда,  Суруш Давлатзода, Нодир Даминов, Самариддин Шарипов соҳиби медалҳои нуқра, Илҳом Сафаров, Фаррух Каримов ва Азим Темурҷонов соҳиби медалҳои биринҷӣ ва ду гурӯҳи дигар соҳиби дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 гардиданд. 
Онҳое, ки дар ин озмун барандаи медал шуданд, имкон доранд бидуни супурдани имтиҳон ба гурӯҳҳои буҷавии чандин донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи техникаи иттилоотӣ ва механикаи оптикии шаҳри Санкт-Петергбург ва Қазоқистон шомил шаванд.
 

 

Декабрь 15, 2015 06:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст