Доналд Тромп: Вуруди мусалмонон ба Амрико пешгирӣ шавад

Декабрь 9, 2015 05:09

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар)- Доналд Тромп, номзади интихоботии Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, дар паи ҳамлаи маргбори ҳафтаи пеш дар Калифорния «мамнуъити комили ворид шудани  мусалмонон» ба ин кишварро хостор шудааст.
Ў дар як изҳороти худ эълом кардааст: «То замоне, ки намояндагони кишвари мо сабабҳои ин мушкилиро пайдо насозанд, ки  аз чӣ сабаб аст», бояд аз вуруди мусалмонон ба Амрико пешгирӣ шавад.
Тромп дар ин изҳорот  бо такя ба назарсанҷии Маркази сиёсатҳои амниятӣ иддао дорад, ки  шумори зиёде  аз мусалмонон «аз амрикоиҳо нафрат доранд» ва дар натиҷа бояд аз ин кишвар дур бимонанд.
Номзади интихоботӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт: «То замоне ки натавонем дар бораи ин масъала ва хатарҳои  он тасмим бигирем ва онро дарк кунем, наметавонем иҷоза диҳем кишварамон қурбонии ҳамлаҳои  даҳшатбори  касоне бошад, ки бӯе аз ақлоният ва эҳтиром ба зиндагии башарӣ набурдаанд.»
Ин  изҳорот пас аз он матраҳ мешавад, ки ҳафтаи гузашта ду ҷангие, ки гуфта мешавад аз ҳомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ будаанд, бо ҳамла ба як маркази тавонбахшӣ дар минтақаи Сан Бернординиёи Калифорния дар Амрико ҳадди ақал  14 нафарро кушта,  21  нафари дигарро  мҷрӯҳ карданд.
 Ҷоаш Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед бо интиқод аз суханони Тромп гуфт, ки ҳарфҳои ӯ «комилан  бо арзишҳое,  ки маънии поягузории  амрикоӣ будаанд, тазод доранд».
Вай гуфт: «ба ақидаи ман коре, ки  Тромп анҷом медиҳад, чизе аст ки дар тамоми тӯли маъракаи интихоботии худ анҷом додааст,  то ин ки бо бозӣ бо тарси мардум аз маъракаи интихоботии  худаш ҳимоят бисозад, ба ақидаи ман ӯ ба тарзи худхоҳона  миёни мардуми амрикоӣ тафриқа меандозад».
Шӯрои робитаҳои амрикоӣ-исломӣ низ бо маҳкум кардани суханони Тромп гуфт: «эҳсоси зиддиисломӣ ба яке аз хусусиятҳои  аслии маъракаи интихоботии  ӯ табдил шудааст».
Ҳиллари  Клинтон, рақиби эҳтимолии Тромп аз Ҳизби демократии амрикоӣ низ изҳороти ӯро «муғризона, шармовар ва  тафриқаандоз» маънидод кард.
Мартини Молӣ, номзади эҳтимолии дигари Ҳизби демократӣ низ гуфт, ки  суханони Тромп «шакке боқӣ нагузоштаанд ки ӯ қасд дорад ба унвони як авомфиреби фашист  дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад».
Ҳамчунин Ҷи Ҷонсон, вазири амнияти дохилии Амрико  дар ин робита гуфт, ки таҳқир ва бадном кардани мусалмонони амрикоӣ ба талошҳо дар ростои мубориза  бо терроризм таҳдид карда ва иқдоме хилофи манфиатҳои  миллӣ  мебошад. 
Ҳатто Ҷиб Буш, ҳамҳизби Тромп  низ дар ин робита гуфт, ки суханони ӯ «ҷиддӣ набудаанд».
Губернатори собиқи  штати Флорида ҳамчунин афзуд: Тромп «дучори бемории эҳсосӣ» аст.
Созмони афви байналмилалӣ низ бо интиқод аз суханони Тромп  гуфт, ки  ҳадаф аз ин ҳарфҳо «ҷалби ҳимоят пеш аз интихоботи  раёсат ҷумҳурии соли 2016» мебошад.
Ин  нахустин бор нест, ки Тромп бар зидди  мусалмонон сухан мегӯяд. Ў пештар низ хостори таъсиси як бонки иттилоотӣ барои мусалмонони Амрико барои назорати бештар бар онҳо шуда буд.
Номзади  Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳамчунин дар ҷараёни як суханронии интихоботии худ гуфта буд, ки мусалмонон аз ҳамлаҳои  террористии 11 сентябр ибрози хушҳолӣ кардаанд. 
Дар ҳамин ҳол Девид Камерон, нахуствазири  Бритониё ин  пешниҳоди Тромп зидди мусалмононро «иштибоҳ ва тафриқаандозӣ» хонд.
Ба  гузориши Рейтерс, сухангўи Кемерон рӯзи сешанбе гуфт: «нахуствазир ба таври комил бо изҳороти Доналд Тромп мухолиф аст, зеро ин изҳорот  тафриқаафканона, ғайриманфиат  ва комилан  иштибоҳ аст ва зикр шудааст, ки  дар Бритониё ҳудуди 2,7 миллион  мусалмон зиндагӣ мекунад».

Декабрь 9, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, панҷшанбе, 170-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар Душанбе бахшида ба 18-солагии қабули қонуни танзим ду ҳамоиш доир гардид
ОГОҲӢ. Аз 19 то 22 июн дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст