Э. Раҳмон фарзанди содиқу вафодор ва наҷотдиҳандаи миллату давлат аст

Декабрь 17, 2015 02:57

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт  Муллоҷон Аҳмадов дар робита ба додани мақоми «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки: «Намояндагони мардумӣ иродаи халқро, ки солиёни дароз Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун фарзанди содиқу вафодор ва наҷотдиҳандаи миллату давлат ба ҳайси Пешвои миллат эътироф менамуданд, дар шакли қонун ба расмият дароварданд. 
Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳон ба ин монанд қонунҳо дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ки  барои миллати худ хизмат намудаанд, аз қабили Рузвелт, Дэн Сияопин, Ликуан, Нурсултон Назарбоев ва Махатхир Муҳаммад қабул гардида, ҳамчун пешвои миллат эътирофи қонунӣ ёфтаанд. Аз чунин сурат гирифтани вазъ ба ин халқу миллатҳо ва давлатҳо пешрафт ва шукуфоӣ насиб гаштааст. 
     Баъди қабул гардидани ин қонун, рӯзи дигар- субҳгоҳон чун ба коргоҳи худ мерафтам, дар роҳ бо чанд нафар  вохӯрдам, ки бо чеҳраи кушод хурсандона аз ин рӯйдоди таърихӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дуои умри дароз ва барори кори Сарвари давлатро дар ин ҷодаи пурмасъул мекарданд. Яке аз онҳо чунин мегуфт:  «Мардак пешвои миллат буд ва хоҳад монд- ҳалолаш бод сарварӣ». Дар коргоҳ- коллеҷи омӯзгорӣ  низ чунин манзара баръало ба чашм мерасид. Омӯзгорону донишҷӯён  бо ин  ҳодисаи таърихӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд,. 
      Эмомалӣ Раҳмонро ман ҳанӯз 23 сол пеш аз ин ҳангоми дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ баён намудани чунин фикраш: «Мақсади ман  сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонии Тоҷикистон аст» ҳамчун Пешвои миллат эътироф намуда будам. Дар қиёфаи ин мард фарри шоҳӣ ва  дар суханронию нигоҳаш хислатҳои пешвоӣ ҳамон вақт баръало ба чашм мерасиданд. 
      Мо ки дар тӯли  23 сол, яъне дар даврони сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ дорем, даст болои дил гузорему ба ёд орем он рӯзҳои даҳшатовари  соли 90-умро. Силоҳбадастони зархарид бо либосҳои сиёҳу мақсади  нопок мардумро азият медоданд.  Гуруснагӣ, тарсу воҳима, нобоварӣ ба оянда барин эҳсосҳо ҳар яки моро фарогир буд. 
       Ҳукумат фалаҷ, қонун зери по, ҳуқуқ надоштанд мардум. Ҳукм дар дасти силоҳбадастон буд. Ҳеҷ кадоме аз мо умед ба зиндагии тинҷу амон надоштем.    Ҳар яки моро хаёле ба дуриҳои дур мебурд, ки тақдири  фарзандонамон, ки он вақтҳо тифл буданд, чӣ  мешуда бошад?  
       Шукри парвардигор ҷавони 40 солаи он солҳо- Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, аниқтараш аз мушкилоти он солҳо наҳаросида, худро ба тамом ба халқу миллаташ пайваст ва ҳадафҳои наҷибашро якҷоя бо халқи азизаш ба амал баровард.
      Ҳар як иқдоми ватандӯстонаи сарвари ҷавони давлат рӯҳу равони мардуми азияткашидаро тасаллӣ дода, умед ба ояндаи некро дар дили онҳо бештар менамуд. Биёед ба хотир орем норасоии нонро, ки баробари ҷон аст. Мардум сабӯсу кунҷора ва решаҳои гиёҳҳоро истеъмол мекарданд. Дар муддати кутоҳ мардум бо орд таъмин гаштанд.
       Бозгардонидани гурезагони иҷборӣ  аз хоки Афғонистон, ташкили Артиши миллӣ, қабули Сарқонун, рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, тақсими 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонон, ба роҳ мондани  муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои мухталиф, бунёди роҳҳо, нақбҳо, мактабу беморхонаҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, ба кор даровардани садҳо корҳонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, узви даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ гаштани Тоҷикистон, ислоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ , саноат, алоқа, таваҷҷуҳ ба ятимону бекасон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, диққат ба соҳаи ҷавонон, варзиш ва туризм, қабули пешниҳоди моҳияти умумибашарӣ доштани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, қабули қонунҳои моҳияти миллӣ дошта: «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва садҳо иқдоми дигари Сарвари давлат бо дастгирии мардуми шарафманди Тоҷикистон моро ба ин рӯзҳои хуш оварда расонид. Мафҳуми «Пешво» дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои раҳнамо, ҳидоятгар ва муршид омадааст.   
Бояд таъкид намоям, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллат эътироф шудан эҳтиёҷ надорад, балки миллат дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо ва ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвои расман эътирофгашта, яъне Эмомалӣ Раҳмонро дорад.    
     Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо, ҳидоятгар ва Пешвои миллат буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд».
   

 

 

Декабрь 17, 2015 02:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд