Фарҳанг: Пешниҳод ба силсилаёдгориҳои «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим»

Декабрь 1, 2015 03:15

Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз 23 то 26 ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон  ҷаласаи IV-уми Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба пешниҳоди силсилаёдгориҳои «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» баргузор гардид.
   Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои бостонии Қалъаи Хуҷанд, маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, тасвирҳои рӯйисангии ноҳияи Ашт,  инчунин ёдгории меъмории Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ ба силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» дар гузаргоҳи «Сирдарё» номнавис гардиданд.

Декабрь 1, 2015 03:15

Хабарҳои дигари ин бахш