Фестивали эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Насли Истиқлол»
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонг бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таҳти шиори «Эҷодиёти кӯдакон — хазинаи заррини фарҳанги миллӣ» Фестивали эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Насли Истиқлол» доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, дар фестивал хонандагон ва донишҷӯёни мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси мусиқӣ ва санъат, коллеҷҳои санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ дар бахшҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, композиторӣ, хореография, хорсароӣ, оркестр, санъати тасвирӣ, дизайн ва санъати амалӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки фестивали мазкур бо мақсади мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани раванди вусъати неруи эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нав, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии миллӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии насли наврас, санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ доир гардид.
Ҳадафи мушаххаси фестивали «Насли Истиқлол» ташаккули коллективҳои нави эҷодии кӯдакон ва наврасон — хори бачагона, оркестри симфонӣ ва зарбӣ-нафасии бачагона, оркестри созҳои халқии бачагона, ансамблҳои гуногуну якканавозон ва санъати тасвирӣ буд.
Дар фестивал намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастӣ, санъати амалию тасвирӣ ба намоиш гузошта шуда, иштирокдорон аз ҷониби вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо дипломҳо сарфароз гардонида шуда, барои иштироки фаъолона дар фестивал ба муассисаҳои таълимӣ техникаи компютерӣ туҳфа гардид.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






