Форуми 5-уми байналмилалии БРО дар Филиппин ифтитоҳ ёфт

Декабрь 1, 2015 09:09

Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Форуми 5-уми байналмилалии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар мавзўи «Маҳорату малака: афзалиятҳои ҷорӣ дар самти таҳсилоти касбию техникӣ ва тайёрии кадрҳо» дар шаҳри Манилаи Филиппин имрӯз, 1  декабр ба кори худ оғоз кард. 
Сардори  Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур дар форум Тоҷикистонро намояндагӣ  дорад.
Бояд зикр кард, ки дар низоми вазорат 63 литсейи касбию техникӣ фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 21 ҳазор касбомўз аз рўи 90 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Латифӣ Усмоналӣ дар кори форум вобаста ба  ҳамкорӣ бо Бонки Рушди Осиё оид ба масъалаҳои ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникӣ, таъмини раванди таълим бо таҷҳизоту техникаи замонавии таълимӣ, аёнияту китобҳои дарсӣ сухан мегӯяд. Дар форум инчунин масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва муҳандисию омўзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави меъёрҳои салоҳиятноки таълим мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Декабрь 1, 2015 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд