Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ

Декабрь 28, 2015 11:36

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ—ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 61-солаи сокини шаҳри Исфара, мутахассиси амрози занона, ҳамчун гумонбар дар гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир  шуд. Номбурда 25-уми декабр бо роҳи тамаъҷӯӣ аз зани 20-солаи сокини шаҳри Исфара барои барқарор намудани пардаи бакораташ маблағи 3000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Аз дастгиршуда 3000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 28, 2015 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш