Гуфтушунидҳо дар Токио

Декабрь 3, 2015 12:09

Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз 26 ноябр то 2 декабр соли 2015 дар Токио гуфтушунидҳо байни ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндагони Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) баргузор гардид. Ҷониби япониро директори генералии Раёсати Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қавқози Агентии мазкур Като Тошинобу муаррифӣ кард. Ҳамчунин дар мулоқот ҳайати ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таҳти роҳбарии директори генералӣ Рустам Холиқов иштирок кард.
 Зимни вохӯриҳо масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки сохтмони терминали боркашонӣ дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом хоҳад расид. Намояндаи JICA зикр кард, ки ҷониби японӣ кумакҳои техникии худро дар татбиқи лоиҳаи бахши инфарасохтори нақлиёти Тоҷикистон идома хоҳад дод.
2 декабр дар натиҷаҳои гуфтушунидҳо дар бинои сафорат маросими баимзорасонии шартнома миёни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ширкати “Added Value Corporation Japan” барои татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баргузор гардид. Санади мазкурро директори генералии ҶСК ”Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Рустам Холиқов ва Президенти ширкати “Added Value Corporation Japan” Синити Фудзита ба имзо расониданд. 
Лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA амалӣ  мешавад. Тибқи он Ҳукумати Япония барои харидории низоми фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва дигар таҷҳизоти зарурӣ грант (дар ҳаҷми 578,888,000 йен) ҷудо намудаст.

 

 

Декабрь 3, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд