Хабарнигорони варзишӣ мавсими соли 2015-умро натиҷагирӣ карданд

Декабрь 21, 2015 05:08

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳамоиши хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки 19-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барпо гардид, мавсими соли 2015-ум натиҷагирӣ шуда, дар он беш аз 40 намояндаи расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд. Ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.
Дар  ҳамоиш дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон барои ҳамкории пайваста дар тарғиби варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар изҳори сипос намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодии 2016, ки соли олимпӣ мебошад, табрик гуфта, ба хабарнигорон дар бораи омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.
Вай гуфт, гурзандози машҳур Дилшод Назаров дар ҳоли ҳозир аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат гирифтааст. Соли оянда варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ дар риштаҳои бокс, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF ва ғайра мубориза мебаранд.
«Беҳтарин варзишгарони  тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои  олимпӣ мушарраф шудаанд, барои  ба даст овардани роҳхатҳо  ба Бозиҳои олимпии соли 2016  талош доранд. Дар байни онҳо  варзишгарони номдор, ба мисли  муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов, гӯштингирон Муродҷон Тӯйчиев, Фарҳод Анақулов, Искандари Рустам,  таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд”, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.
Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 се квота ихтисос медиҳад. Аз рӯи квота ду нафар дар риштаи шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро соли оянда дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро намояндагӣ хоҳанд кард.
“Рӯйдоди муҳими соли 2015, — иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев, —  сафари кории президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал Фаҳад Ал Сабоҳ ба Тоҷикистон мебошад. Меҳмонони воломақомро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба ҳузур пазируфт. Инчунин Томас Бах ва Шайх Аҳмад ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, бо беҳтарин варзишгарону мураббиён, доварон ва кормандони соҳа мулоқот карданд.”
“Рӯйдоди дигари муҳими соли 2015, — афзуд Баҳрулло Раҷабалиев, — ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти байналмилалӣ” мебошад. Ҳоло беҳтарин варзишгарон барои дастовардҳояшон дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ дар мавсими имсола ба гирифтани Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд.”
Б. Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ дар соли 2016 иттилоъ дод. “Соли оянда  варзишгарони мо муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ идома медиҳанд. Беҳтаринҳо дар ҳайати тими мунтахаби олимпии кишвар дар Олимпиадаи навбатӣ, ки аз 5 то 21 августи соли 2016 дар Ри-де-Жанейро баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Инчунин соли оянда варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои соҳилии осиёӣ дар Ветнам иштирок хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин, дар Ёқутистони Русия шашумин мусобиқоти байналмилалии “Бачаҳои Осиё” барпо мегардад, ки дар он ширкати варзишгарони навраси тоҷик дар назар аст”, — гуфт Баҳрулло Раҷабалиев.
Дар ҳамоиш инчунин камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ, ки раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад, гуфт, ки хабарнигорони варзишӣ ва олимони соҳа бояд ба тарғибу ташвиқи намудҳои миллии варзиш бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то ин ки ин намудҳоро кишварҳои дигар ҳамчун навъҳои миллиашон азони худ накунанд.
Дар ҳамоиш Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар сухан гуфт. 
Дар ҳамоиш назарпурсии хабарнигорони соҳа барои муайян кардани даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015 натиҷагӣ шуд. Нарзулло Латифов ба ширкаткунандагони ҳамоиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард. Ба иттилои ӯ бар асоси назарпурсии хабарнигорони соҳа гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров варзишгари беҳтарини сол гардид.
 

Декабрь 21, 2015 05:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагону волидайн вохӯриҳо баргузор мегарданд
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Сокинони ноҳияи Рашт дар ҷашни Сада омодагиашонро ба корҳои кишоварзӣ изҳор доштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид