ИА ва ЮНИСЕФ намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии маъюбонро эълон менамоянд
Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Нашри дуввуми Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдошта рӯзҳои 5-ум ва 6-уми декабри соли 2015 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюбиятдошта сафарбар мекунад. Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз ҳамгироии шахсони маъюбиятдошта дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешаванд, баланд мебардорад ва идеали ҷамъияти фарогирро чун роҳи ноил шудан ба рушди устувори воқеӣ пешбарӣ мекунад.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва эътилофи ҳамфикр дастгирӣ мешавад, ки дар он 20 ташкилоти миллӣ ва байналхалқӣ зери шиори “Фарогирӣ муҳим аст: дастгирӣ ва шуғли одамони дорои ҳамаи қобилиятҳо” муттаҳид шудаанд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд шаванд: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам.
Намоиши дурӯзаи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезвӣ ташкил шудааст, зиёда аз 70 ҳунармандро ҷамъ оварда комёбиҳои ҳунармандии минтақавиро пешкаш менамояд. Барномаи намоишгоҳ сабақҳои ройгон оид ба гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашию ороишдиҳӣ ва семинарҳои гуногунро дар бар мегирад, ки махсусан барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.
Дар баробари чорабиниҳои ҳунармандон чорабиниҳои фарогир барои одамони маъюбиятдошта ва бемаъюбият, ба монанди роҳгардӣ дар подиум, сурудхонӣ, намоиши хӯрокворӣ, намоиши филмҳо, намоиши иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигар баргузор мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






