Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии замонавӣ дар отрядҳои сарҳадии «Шӯрообод» ва «Ҳамадонӣ»

Декабрь 15, 2015 06:17

Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи гузашта дар отрядҳои сарҳадии «Шӯрообод» ва «Ҳамадони»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ биноҳои нави замонавӣ барои афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, инчунин  дар минтақаи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар маросими тантанавӣ ду дидбонгоҳи нави замонавӣ- «Кокул» ва «Темурмалик», ки  бо  таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ба истифода дода шуданд. Биноҳо аз утоқҳои корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона ва хонаи фароғатӣ иборат мебошанд. 
Ҳамзамон дар Отряди сарҳадии «Шӯрообод» беш аз 80  сарбози навдаъватшуда Савганди ҳарбӣ ёд карданд. 
Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов, раисони ноҳияҳо Икромзода  Амирхон ва  Вализода Абдуқодир дар назди меҳмонон ва сарбозон изҳор  карданд, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як аскару афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Савганди ҳарбӣ мебошад, — инчунин ба онҳо хизмати софдилонаро дар марзу буми кишвар орзу намуданд. 
Ба афсарон ва сарбозони фаъол, барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи раиси КДАМ ҶТ ва фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтирхономаҳо, нишонаҳои сарисинагӣ  супорида шуданд.
Биноҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои ҳама шароит ва утоқҳои муосири замонавӣ барои фаъолияти сарҳадбонон мебошанд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

 

Декабрь 15, 2015 06:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст