Ифтитоҳи Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт

Декабрь 6, 2015 05:23

Душанбе, 06.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаётро ифтитоҳ намуд.

Қабл аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказ дар саҳни ҳавлии он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони парки обии болопӯшидаи замонавӣ санги асос гузошт.

Тавре итттилоъ доданд, парки обии болопӯшида барои истифодабарии он дар ҳамаи фаслҳои сол пешбинӣ шудааст.

Баъди бунёди ин парк имкон фароҳам меояд, ки шаҳрвандон барои истироҳату фароғат дар тамоми фасли сол аз он ба таври васеъ истифода баранд.

Зимни гузоштани санги асос барои оғози корҳои сохтмонӣ дар парки обии болопӯшида Сарвари давлат ба бинокорон барои иҷрои корҳои босифат дастуру ҳидоятҳо дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки чунин марказҳо, ки бо харҷи маблағҳои калон бунёд мегарданд, бояд ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ бошанд, зеро онҳо солҳои зиёд бояд ба мардум хизмат расонанд.

Сипас дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ Маркази солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаётро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд шудааст, ба истифода дод.

Бинои марказ аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар зарфи 10 моҳ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба меъёрҳои хизматрасонии дараҷаи  5 ситора сохта шуда, дар Тоҷикистон алҳол беҳтарину беҳамто аст. Ҷойи таъкид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои баҳравар шудан аз чунин сатҳи хизматрасонӣ то ҳол ба хориҷи кишвар мераванд. Инак бори нахуст имкон фароҳам омад, ки чунин шаҳрвандон аз хизматрасонии дараҷаи 5 ситора дар дохили кишвар бархӯрдор бошанд.

Бо иқдоми соҳибкорон дар марказ наздики 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Мавриди зикр аст, ки марказ шабонарӯзӣ фаъолият карда, имкон аст дар 24 соат 2000 нафар мизоҷ аз хизматрасонии сатҳи баланд дар он баҳравар гарданд.

Бунёди чунин марказҳои замонавии хизматрасонӣ ва аввалтар аз ҳама таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби соҳибкоронро метавон дастгирии онҳо аз сиёсати роҳбарияти давлат номид, зеро ҳадафи Президенти мамлакат аз бунёди чунин иншооти маишӣ ва дигар коргоҳу корхонаҳо пеш аз ҳама таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум аст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корҳои сохтмонӣ 330 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши аз 1500 то 2500 сомонӣ таъмин гардиданд.

Муҷтамеи бузурги солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт дорои имкониятҳои фарохи солимгардонӣ буда, дар он соҳибкорон бо истифода аз технологияи муосири электронӣ хизматрасониро ба роҳ мондаанд.

Аз қабули мизоҷ сар карда, то охири рафти тавонбахшӣ ҳамаи корҳо ба воситаи кортҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ҳам ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ аст.

Дар ошёнаҳои  аз якум то панҷум тамоми шароит барои мардону занон муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якум унсурҳои беҳтарини ҳамомҳои финӣ, русӣ, туркӣ бо буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзи оби хунук ва ҳуҷраи барфӣ барои салқиншавӣ баъд аз баромадан аз буғхонаҳои дорои ҳарорати баланд, ҳавзҳои хурду калони зиёд барои шиноварӣ ва масҳи гуногуни зериобӣ ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳази масҳи бадан ҷойгиранд.

Ҳаммоми махсуси марокашӣ, ки бо завқу салиқаи баланд барои мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст, басо ҷолибу диданӣ ва дилкашу зебо ва ҳам дорои шароити беҳтарин барои шустушӯй, оббозӣ, масҳи бадан ва истироҳату фароғати тану ҷон аст.

Бояд таъкид дошт, ки оби дар ин марказ истифодашаванда зеризаминӣ буда, аз чуқурии 118 метр бо обкашҳои барқӣ кашида мешавад ва то ворид шудан ба ҳавзҳою ҳаммом ва дигар бахшҳои марказ аз 4 дараҷаи софкунӣ бо филтрҳои махсус гузаронда мешавад. Дар ҷараёни софкунӣ ба об дар ин ҷо ҳамчунин оксиген, азон ва хлор илова карда мешавад, ки барои таъмини покизагии он ва безараргардонӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин дар ин ҷо тамоми талаботи дигари санитарию гигиенӣ риоя карда мешавад, то ки ҳеҷ осебе ба саломатии мизоҷони он нарасад.

Дар ошёнаҳои дигари маркази солимгардонию тавонбахшии Ҳаёт бо хизматрасонии сатҳи баланд толорҳои гуногуни масҳи бадан фитнес,  сақозанӣ ё худ билярд, тенниси рӯи миз, толори махсус барои бозии электронии голф тавассути онлайн бозиҳои — 3Д голф ва ошхонаю зебою барҳаво бо хизматрасонии тарзи шведӣ ҷойгиранд.

Фармоишгари сохтмони ин бинои зебои замонавӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди солимгардонӣ ва тавонбахшии Ҳаёт, лоиҳакаши асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Фароз мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити муосири хизматрасонӣ дар Маркази солимгардонию тавонбахшии Ҳаёт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори бинокорон ва иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки чунин иншоот дар мамлакат оянда бештар мешаванд, то ки дар онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонону сайёҳони хориҷӣ имкони истироҳату фароғати сатҳи баланд дошта бошанд.         

Мавриди зикр аст, ки дар ҳақиқат дар як муддати кӯтоҳ соҳибкорон тавонистанд ин гӯшаи пойтахтро ба як макони калони солимгардонию тавонбахшӣ табдил диҳанд. Акнун шаҳрвандони мамлакат метавонанд дур нарафта, дар ҳамин маркази замонавӣ бо нархҳои дастрас аз имкониятҳои он ба таври муфид истифода бурда, саломатии худро барқарор созанд ва нерую тавони тоза гиранд.

Декабрь 6, 2015 05:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад