Иштироки И.Сатторов дар муҳокимаи масоили марбут ба таъмини бехатарии нақлиёт
Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»). Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов дар кори ҷаласаи ХХV машварати танзимотии бахши нақлиёти давлатҳои аъзои ИДМ дар Маскав иштирок намуд.
Тавре ки сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа масоили татбиқи стратегияи таъмини бехатарии нақлиёт дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ ҳангоми мусофирбарӣ дар роҳҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ғайр аз ин гузоришҳо дар бораи рушду густариши Ширкати муттаҳидаи нақлиётӣ, тавсияҳо дар мавриди рушди нақлиёти автомобилии мусофирбар шунида шуданд.
Иштирокдорони ҷаласа пешниҳодҳои Академияи байналмилалии нақлиётро дар бораи дурнамои истифодаи технологияҳои нав барои густариши роҳҳои байналмилалии нақлиёт дастгирӣ намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






