Истиқболи ҷавонон аз додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо устодону донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ мулоқот кард.
Аҳтам Абдуллозода вобаста ба иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» сухан гуфта, онро амри зарурӣ ва саривақтӣ донист.
Гуфта шуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватани талош варзида, ҳама ҷоннисориҳои худро барои беҳбуди зиндагии мардум равона кардааст.
Дар мулоқот раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода аз хизматҳои Роҳбари давлат дар тӯли 24 соли Истиқлолият ёдовар гардида, изҳор намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» нишонаи арҷ гузоштан ба ин заҳматҳо мебошад.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасоз ба воя расидани ҷавонон тамоми тадбирҳоро андешида, имрӯз шароитҳои лозимӣ барои ҷавонон муҳайё шудаанд. Имрӯз низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвар қарор дода, пайваста ба ин қишри ояндасози кишвар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар мулоқоти худ бо ҷавонон бо бовар изҳор намуд: “Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.”
Ҷавонону донишҷӯён доир ба додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз он истиқбол намуданд.
Аҳтам Абдуллозода дар мулоқот инчунин оид ба дастоварду пешравиҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза карда, нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони дорои дониши баланд ва меҳанпарасту ватанхоҳ метавонанд дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва рушду инкишофи он саҳм гузоранд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷавононро ба хондани илму касбомӯзӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дар баробари забони давлатӣ даъват намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ректори донишгоҳ Амонулло Салимовро “Барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва дар маҷмӯъ фароҳам овардани заминаҳои мусоиди худташаккулёбии ҷавонон дар донишгоҳ” бо “Ифтихорнома” ва як гурӯҳ ҷавонони фаъолро барои ширкати фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бо “Сипоснома”-и кумита қадрдонӣ намуд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






