Изҳорот барои ВАО дар робита ба конфронси дар Эрон баргузоршуда

Декабрь 30, 2015 08:17

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 29 декабри соли 2015 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Зимни вохӯрӣ масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки 27 декабри соли равон дар ш. Теҳрон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба Сафири Эрон ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:

“Вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба Конфронс собиқ Раиси Ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни ҳол ӯ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амали созмондиҳандагони конфронси мазкурро қобили қабул намедонад ва қотеъона изҳор медорад, ки чунин муносибат ба мухолифони давлат ва миллати Тоҷикистон ба равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад халал ворид намояд”.

Декабрь 30, 2015 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид