Изҳороти С.Лавров ва Ҷ.Керри дар бораи зарурати мутобиқ намудани рӯйхатҳои мухолифин пеш аз мулоқот аз рӯи қазияи Сурия

Декабрь 15, 2015 05:26

Душанбе, 15.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Вазири  корҳои  хориҷии  Русия  Сергей  Лавров  ва   котиби  давлатии  ИМА Ҷон Керри  зимни  гуфтугӯ тавассути  телефон  тасдиқ  намуданд, ки барои  даъвати  мулоқот аз рӯи  қазияи  Сурия бояд рӯйхатҳои  мухолифин  ва террористон  мутобиқ  карда  шаванд, изҳор  доштанд  дар Вазорати  корҳои  хориҷии Федератсияи  Русия.
Мулоқот, ки  бо  хоҳиши  исрории  ИМА роҳандозӣ  шудааст, 15  декабр  баргузор  мегардад.
«Ҷонибҳо тасдиқ  намуданд, ки  барои  даъвати  мулоқоти нави Гурӯҳи  байналмилалии пуштибонӣ  аз  Сурия  бояд иҷрои қарорҳои  он  аз  14  ноябр  таъмин  гардад. Қарорҳои  зикршуда аз ҷониби  намояндаи  махсуси Дабири  кулли  СММ Стаффан  де Мистура таҳия  намудани  пешниҳодҳо  дар  бораи   ҳайати  мухолифини  Сурия  барои  гфуфтушунид  бо  ҳукумати Ҷумҳурии  Араби  Сурия,  ҳамчунин  мутобиқ  намудани рӯйхати  гурӯҳҳои террористиеро, ки  бояд  зидди  онҳо  якҷоя  мубориза  бурда  шавад,  пешбинӣ  менамоянд», — хабар  медиҳад  ТАСС зимни истинод ба  суханони  намояндаи  ВКХ Русия.

 

Декабрь 15, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст