Кӯлоб: раванди болоравии шумораи нафақагирон таҳти назорати доимист

Декабрь 10, 2015 12:05

Кӯлоб, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонов  раёсати агентӣ  раванди болоравии  шумораи нафақагиронро  таҳти назорати  доимӣ қарор дода,  таҳяи дурусти  дархостҳои  Раёсату шуъбаҳои  нафақаи шаҳру  ноҳияи минтақаро  барои маблағгузории нафақа  мунтазам  мавриди омӯзиш  қарор медиҳад. То ин муддат  дар минтақаи Кӯлоб 77 327 нафар нафақагир  мавҷуд мебошад, ки  ҳисоби нафақаи онҳо  ба 218,42  сомонӣ баробар аст.  Инчунин дар минтақа 21 490 нафар нафақагири маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи  умумии маъюбон  кӯдакони то 18-сола 3983 нафарашро ташкил медиҳанд.

 

Декабрь 10, 2015 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд