Кишварҳои СААД амалиёти ҚКҲ Русияро дар Сурия ҷонибдорӣ намуда, Туркияро маҳкум карданд

Декабрь 10, 2015 08:32

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Иштирокдорони ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) якдилона амалиёти Русияро дар Сурия ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон Туркияро, ки қиркунандааш ҳавопаймои бомбаандози Су-24-и Русияро охири моҳи ноябр сарозер карда буд, маҳкум карданд, — изҳор дошт сардори Ситоди генералии ҚҲ Арманистон Юрий Хачатуров.
«Ҳамаи сардорони ситодҳои кишварҳои иштирокдори СААД мавқеи Русияро ҷонибдорӣ намуда, амали Туркияро нопок хонданд. Мо намехостем ин амалро ба таври дигар арзёбӣ кунем — ин зарба ба қафо аст, чуноне, ки Русия дар ҳол эълон дошта буд», — гуфт Юрий Хачатуров.
Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони ҷаласа ҳамаи қарорҳои Русияро ҷонибдорӣ карданд. «Мо доир ба ҳама масъалаҳо бо Русия ҳастем. СААД ягона ва муттаҳид аст. Мо қавӣ мегардем. Тамоми қарорҳои дар кумита қабулшуда далели гуфтаҳои мананд», — таъкид намуд Ю. Хачатуров.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин масъалаи андешидани тадбирҳои заруриро барои пешгирии рушди минбаъдаи амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни фазои СААД баррасӣ намуданд.
Ғайр аз ин, масъалаҳои вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишварҳои аъзои СААД низ муҳокима шуданд.

 

Декабрь 10, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст