Кумаки Президент ба 12 ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо хонандагони ятим ва маъюби 9 мактаб — интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, дар арафаи соли нави мелодӣ ба онҳо кӯмаки моддӣ расонд.
Нахуст пеш аз оғози чорабинӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ намоишгоҳи китоби бачагона, мусаввараҳо ва дигар ҳунарҳои тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимиро тамошо кард.
Хонандагони хушсалиқа дар ин ҷо беҳтарин маҳсули дастони пурҳунари худро намоиш доданд.
Президенти мамлакат ба ҳунари кӯдакон ва завқи баланди эҷодиашон баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари касбу ҳунарҳо ва аз худ кардани илмҳои муосир ҳидоят намуд.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони мактаби байналмилалӣ ворид шуда, ба беш аз 300 нафар ятим ва маъюб кумаки моддӣ расонд.
Мавриди зикр аст, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба беш аз 12 ҳазор нафар кӯдакони ятим, бепарастор ва маъюби ҳамаи мактаб-интернатҳои кишвар аз Фонди захиравиии Сарвари давлат кумакҳои моддӣ расонда шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оину амалҳои неки мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз волотарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон аст.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд.
Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат буд, ки рушди муассисаҳои мазкур таъмин гардида, алҳол дар кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб-интернат, аз ҷумла 22 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои шумо ва ҳамсолонатон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, шуморо бо маводи хониш, сару либос ва дигар шароити лозима таъмин менамояд.
Дар охир Сарвари давлат бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки шумо ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра нахоҳед монд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои кишвар ба роҳбари ғамхору хирадманд ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ибрози хушҳолӣ карданд, ки дар чунин як кишвари зебо умр ба сар бурда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша мавриди ғамхорию дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Дар ҳамин ҷо пас аз мулоқоти гарму самимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ, Мактаб — интернати мусиқии махсуси ба номи Миратулло Атоев ва ансамбли рақсии кӯдаконаи Лаъл барномаи рангини консертӣ пешкаш шуд, ки писанди ҳозирин гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






