Кумаки тоҷикони Федератсияи Русия ба зарардидагони заминларза дар Бадахшон

Декабрь 11, 2015 03:27

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Заминларзаи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайваста, ки сабаби ба вуҷуд омадани хисороти молӣ ва ҷонӣ дар як зумра ноҳияҳои вилояти Бадахшон гардид, тоҷикони Федератсияи Русияро низ бетараф нагузошт.
Бо ташаббуси раиси Маркази фарҳанги тоҷикони Русия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев ба суратҳисоби махсуси барои зарардидагон кушодашуда маблағи муайяни пулӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин, Маркази Фарҳанги Тоҷикони Россия ва ҷамъияти «Тоҷикон»-и вилояти Твери Федератсияи Россия тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Рухчи ҷамоати леҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон ба ҷойи мактаби рақами 35, ки аз офати табиӣ зарар дид, мактаби замонавӣ бо тамоми таҷҳизот бунёд намоянд.
Ин иқдоми накӯ ва ҷавонмардона аз он шаҳодат медиҳад, ки  тоҷикони Федератсияи Русия ҳарчанд аз диёри хеш дуранд, вале ҳамеша дар ғаму шодии мардуми шарифи Тоҷикистон шариканд.

 

 

Декабрь 11, 2015 03:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд