Кумитаи андоз: Тамоми дорухонаҳо чун соҳибкори инфиродӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд

Декабрь 11, 2015 12:37

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Кумитаи андоз дар зери як филиал фаъолият кардани чандин дорухонаҳоро манъ кард. Тибқи қарори нави Кумитаи андоз, минбаъд дорухонаҳо дар Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд аз қайд гузаранд. Ҳар як дорухона муваззаф мешавад, ки барои фаъолияташ Шаҳодатнома гирифта, андоз супорад.
Дар Кумитаи андоз ҳадаф аз амалӣ кардани ин тасмимро ислоҳ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт маънидод мекунанд, зеро ба гуфтаи масъулини Кумитаи андоз баъзе “аз субъектон бидуни қайд дар мақомоти андоз ва ё бо таъсиси як филиал фаъолият намудани якчанд нуқтаи фурўши дорувориро ғайриқонунӣ ба роҳ мондаанд, ки ин хилофи қонунгузории кишвар мебошад.”
Дар Кумитаи андоз мегӯянд ҳолатҳоеро ошкор кардаанд, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ 8-10 нуқтаи фурӯши доруворӣ ташкил шуда, бе қайди давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Декабрь 11, 2015 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш