Мастчоҳ: Боғи истироҳатии ноҳия навсозӣ мешавад
Душанбе, 17.12.2005. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон ва боғи истироҳативу фароғатии ноҳия навсозӣ мешавад. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ бо ҷараёни корҳои навсозии ин ду мавзеъ шинос гардида, бо лоиҳаи таъмиру таҷдиди кӯчаи марказии шаҳраки Бӯстон, ки 2,5 километр дарозӣ дорад, ошно гардид. Мувофиқи нақша буридани дарахтони хушкшудаю тарҳашон номувофиқ ва ба ҷои онҳо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ, васеъкунии роҳравҳо ва сафолакбандии онҳо, чароғонкунӣ, сохтмони фаввораҳои рангин, насби нишастгоҳҳо дар атрофи фаввораҳо ва таъмири тарҳи зоҳирии биноҳои истиқоматии ду тарафи роҳ ба назар гирифта шудааст.
Дар ин радиф ҳамчунин боғи истироҳативу фароғатии ноҳия, ки дар ҳолати ногувор буд, дубора ободу зебо хоҳад шуд. Боғи маданият баъди таъмир дорои атраксионҳои гуногун, майдончаҳои хурди варзишӣ, амфитеатр ва ҳавзчаҳои шиноварӣ гардида, барои сокинону меҳмонони ноҳия ҳамчун макони фароғатӣ хизмат хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






