Миёнаравӣ дар бозори меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Декабрь 31, 2015 08:30

Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли 2015 — 111 844 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд.
Аз шумораи муроҷиатнамудагон 71939 нафар ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, ба 49867 нафари онҳо расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тайи давраи ҳисоботӣ 37937 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 106,8 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил дода, ин теъдод ба ВМКБ — 5080 нафар, вилояти Суғд — 9550 нафар, вилояти Хатлон — 13415 нафар, шаҳри Душанбе 4073 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5819 нафар шаҳрванди бекор, ки ба кори доимӣ таъмин гардиданд, рост меояд.
Таҳлили раванди бокортаъминшавӣ дар ҷойҳои кории бандшуда нишон медиҳад, ки дар чунин ҷойҳои корӣ 150 нафарро маъюбон, 52 нафарро ятимони ноболиғ, 345 нафарро шахсони аз Қувваҳои мусаллаҳ озодшуда, 129 нафарро шахсони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ва муассисаҳои табобати маҷбурӣ ҷавобшуда, 573 нафарро волидони яккаву танҳо ва инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кўдакони ноболиғ ва маъюб доранд, 727 нафар волидоне, ки бештар аз 5 кўдаки ноболиғ доранд, 44 нафар шахсони то синни 18, ки бо сабаби вафоти волидайнашон ё дигар ҳолатҳо сарпарастии оиларо ба уҳда доранд, 131 нафар шаҳрвандоне, ки барои аз рўи синн ба нафақа баромаданашон ду сол боқӣ мондааст, 718 нафар шаҳрвандони то синни 18 ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристонида шудаанд, ташкил медиҳанд.

Декабрь 31, 2015 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо