Н. Ханженкова: БАТР дар Тоҷикистон 11 лоиҳаро дастгирӣ мекунад

Декабрь 8, 2015 09:46

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ Наталя Ханженкова баъди мулоқот бо  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 ноябр зимни изҳори таассуроташ аз ин мулоқот нахуст ба мардуми тоҷик дар робита ба хисороте, ки бар асари заминларзаи дирӯза дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад, ҳамдардии худро баён дошт. Ӯ дар самти кумакҳои эҳтимолие, ки барои бартараф намудани оқибатҳои ин ҳодиса ба кишвари мо расонида мешаванд, гуфт: «Имрӯз бо намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ ва ташкилоти байналхалқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ин масъаларо ба таври фаъолона муҳокима хоҳем намуд».
Наталя Ханженкова дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки сармоягузориҳои  солонаи бонк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 20 млн. долларро ташкил медод ва соли равон  он аллакай ба 230 млн. доллар расид, ки дар доираи он 11 лоиҳа дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дастгирӣ мешавад».
«Ифтихор аз он дорем, ки дар доираи ҳамкории худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ин кишвар зиёда аз 600 млн. доллар сармоягузорӣ намудем ва дар доираи он тақрибан 100 лоиҳаро дастгирӣ намудем. Стратегияи нави ҳамкории мо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз ҷониби Шӯрои директорони бонк соли равон тасдиқ гардид, ба ниёзҳо ва инчунин афзалиятҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосӣ медиҳад.  Яке аз сармоягузориҳои ниҳоят муҳим ва стратегии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон аз он иборат аст, ки мо ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии CASA-1000, 110 млн. доллар қарз пешниҳод кардем.  
Албатта, натиҷаи ин сармоягузориро дида истодаем, ки «Барқи Тоҷик» чӣ гуна дар соҳаи худ ислоҳотро бомуваффақият гузаронида истодааст. Мо инчунин дар доираи лоиҳаи оид ба беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, хусусан дар соҳаи беҳтар намудани таъминоти об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона кор карда истодаем. Дар соҳаҳои хизматрасонии об  дар 20 шаҳру минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорем. Мақсади асосии лоиҳаи мо ин беҳтар намудани хизматрасониҳои об ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Илова ба лоиҳаҳои бузург дар соҳаи инфрасохтор ва энергетика ман мехостам бахусус таъкид намоям, ки имрӯз мо барои рушди сохтори хусусӣ ҳам диққати асосӣ медиҳем. 
Мо соли равон барои дастгирӣ намудани ширкатҳои хориҷии «Кока Кола» ва «Ашан» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам маблағгузорӣ пешниҳод намудем. 
Як соҳаи дигари муҳим барои мо- ин дастгирии тоҷирони хурду миёна тавассути бонкҳои шарик, инчунин ташкилоти ғайрибонкии молиявӣ мебошад. 
Ҳоло мо дар доираи лоиҳаи мазкур бо 7 ташкилоти шарик кор карда истодаем ва бовар  дорем, ки ин барнома барои рушди тоҷирони  хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошад. 
Барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояҳои бештар ба иқтисодиёти кишвар мо бо намояндагони ҳукумат муколамаи хуб пеш бурда истодаем. 
Барои пеш бурдани фаъолият ва дастгирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд ташкилоти дигари шарик кор карда истодаем, ки онҳо Иттиҳоди Аврупо, Бонки аврупоӣ оид ба сармоягузорӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилоти донории дуҷонибаву бисёрҷониба мебошанд.
Мо бесаброна интизор ҳастем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба наздикӣ саҳоми бонки мо мешавад ва пас аз он ки кишвари мазкур саҳоми бонки мо шуд, мо фикр мекунем, ки ҳамкориро бо ширкатҳо, инчунин бонкҳои  чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ҳам беҳтар хоҳем кард»,-гуфт Н. Ханженкова.  

Декабрь 8, 2015 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд